Солҳо пештар байни мардум маъракаи ҳашар хеле маъмул буд. Одамон тавассути ҳашар барои ободии диёри худ саҳм мегузоштанд ва бо ин амал ба ҳадафҳои худ ҷиҳати ободиву созандагӣ мерасиданд. Бояд иқрор шуд, чанд соли охир ҳашар қариб аз байн рафтааст.
Мардуми ҷамоати деҳоти Понғоз рӯзи дуюм аст, тавассути ҳашар роҳҳои мошингарди ҷамоатро васеъ ва ҳамвор менамоянд. Бояд гуфт, барои гузаштани нақлиёт роҳи мошингарди ҷамоат тангӣ мекард. Сокиноне, ки бахусус дар шафати роҳи калон зиндагӣ доштанд, нороҳат буданд, чун барои ба кӯча баромадани бачаҳои хурдсол хатар дошт. Ронандаҳо низ аз тангии роҳ нороҳат мешуданд.
Боиси қаноатмандист, нафарони зиёде, ки хонаашон дар қади роҳ ҷойгир аст, тасмим гирифтанд, барои васеътар шудани роҳ девори ҳавлиашонро ба дохилтар гиранд.
Тибқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти Понғоз Бахтиёр Турсунзода ҳар рӯз зиёда аз 150 нафар сокинон (ҳар як маҳалла бо навбат) дар ҳашар ширкат доранд. Барои таъмин намудани кори ҳашарчиён бо нақлиёт соҳибкорони ҷамоат саҳми худро гузошта истодаанд. Ташаббуси аҳолии ҷамоат дар ин кор, яъне ҳамвору васеъ намудани роҳҳо калон аст.
Ҷойиз ба зикр аст, ки сокинони ҷамоати деҳоти Понғоз дар обод намудани роҳ воқеан пешсафанд. Эътимод дорем, ин иқдомро пайваста идома медиҳанд.
Т.МИСРОБӢ