АШТ: Иштирок дар Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд-2018”

 2 112 боздид

Санаҳои 6 ва 7 июли соли 2018 дар муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд  Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд- водии имконот 2018” баргузор гардид, ки дар он ҶСК “Кони намак”, Ассотсиатсияи зардолупарварони Ашт ва ҶСК “Зардолу ва Копания” ноҳияи Аштро намояндагӣ карданд.

Тавре ба мо муовини Раиси ноҳияи Ашт Маҳмудзода Ҷамшед иттилоъ дод, дар   Ярмаркаи V байналмилалии савдо “Суғд- водии имконот 2018” намояндагони ноҳияи Ашт, намудҳои зардоли тар, хушк, меваю сабзавот, намудҳои намаки Ашт ва дигар маҳсулотҳои кишоварзии ноҳияро ба маърази намоиш гузоштанд.

“Дар Ярмаркаи V байналмиллалии савдо “Суғд-2018” аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе Федератсияи Россия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи ҷанубӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, азҷумла Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон беш аз 200 ширкат маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд”.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.