АШТ: ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ДАР АРАФАИ ИДИ ҒАЛАБА ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД.

 462 боздид

Ду нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки алҳол дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, деҳаи Саро) ва Абдуқодир Холматов (02.05.1925, деҳаи Бободархон)   бо шукргузорӣ аз субботи комили кишвар  дар иҳотаи фарзандон, наберагону аберагон даври пирӣ меронанд, дар арафаи Иди Ғалаба аз ҷониби Саидов Одинахуҷа-сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимои аҳолии  мақомоти иҷроияи вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров ва дигар шахсони расмӣ айёдат карда шуданд.

Зимни ташриф меҳмонон аз номи Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳия ба муносибати таҷлили 78-умин солгарди Иди Ғалаба таҳният намуда, кӯмакҳои пулӣ тақдим намуданд.

Дар вақти суҳбат меҳмонон аз заҳматҳои пайвастаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамониҳои бемисл ва хизматҳои шоёни онҳо дар майдони ҳарбу зарб ва муқовимати шадид алайҳи душман таъкид намуданд.

Гуфта шуд, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат  қарор доранд ва барои шароити мусоиди онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Дар фарҷом Қӯчқор Ҳоҷиматов ва Абдуқодир Холматов бо шукргузорӣ аз оромиву ободии меҳан, сиёсати одилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳия даст ба дуо бардоштанд ва аз таваҷҷуҳи волои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатпазирии худро баён намуданд.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.