Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 – уми декабри соли 2018, № АП-1140, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, ҷалби занони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи шириниҳои миллӣ ва муосир гиромидошти ҳайсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маҳорати пазандагӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва меҳнатдӯстӣ бахшида ба солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 17 – уми декабри 2021 дар тарабхонаи “Судғиён”-и шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии “Ширинҳои (диссерти) миллӣ ва муосир” баргузор гардид.
Дар ин озмун бонувони ҳунарманд аз Ҷамоати деҳоти Ифтихор бо пешниҳоди намудҳои гунонгуни шириниҳои миллӣ ва муосир сазовори ҷойи дуюм, дипломи дараҷаи 2 ва тӯҳфаи Раиси вилоят гардида, барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Санаи 19 – уми декбри соли равон дар тарабхонаи “Истаравшан”-и шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни “Ширинҳои (диссерти) миллӣ ва муосир” баргузор гардид, ки ҳунармандони ноҳия барои иштироки фаъолона бо Дипломи Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъмиятҳои матлуботи Тоҷикистон мушарраф гардиданд.