Раиси вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар ҳашари пахтачинӣ ширкат варзида, барои ҷамъоварии ҳосил ба кишоварзон тавсияҳо дод.
Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Рахшона» ба дидори ҳашарчиён рафт ва дар канори онҳо истодаву дар ҷамъоварии пахта саҳми худро гузошт. Дар суҳбат ба ҳашарчиён роҳбари вилоят изҳор дошт, ки расонидани кӯмак ба марди деҳқон иқдоми нек буда, барои беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил бояд аз тамоми имкониятҳо истифода шавад.
Бино ба иттилои масъулини ноҳия дар Ашт 6183 гектар пахта кишт шуда, тибқи нақша бояд 15460 тонна «тиллои сафед» истеҳсол гардад. То имрӯз 2460 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, кишоварзон якҷо бо ҳашарчиён дар як рӯз аз 400 то 450 тонна пахта чида истодаанд.
Дар ноҳия дар 1040 хоҷагии деҳқонӣ парвариши пахта ба роҳ монда шуда, кишоварзон аз навъҳои тухмии маҳаллӣ ва туркиву чинӣ ҳосили хуб ба даст меоранд.