АШТ: Ҷаласаи ҷамъбастии бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

 305 боздид

Субҳи имрӯз 11 – уми январи соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ҷаласаи кормандони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сархатиби ноҳия, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ва раисони ташкилотҳои ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок намуданд.
Нахуст муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт Ҷалилӣ Аниса ҷаласаро оғоз намуда, оид ба камбудиҳои соҳа сухан намуда, баҳри бартараф намудани мушкилӣ ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Турсунзода Бахтиёр, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Мамадҷонов Зафар, сархатиби ноҳия Мусоев Абдулбақо, мудири шуъбаи хизматрасонӣ ба эҳтиёҷмандони ноҳия Самиев Камолиддин ва имомхатиби деҳаи Саро Ниёзов Ҷалолиддин, имомхатиби Ҷамоати деҳоти Пунук Соттихонов Азизхон оид ба масъалаҳои баррасӣ гардида фикру андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.