АШТ: Ҷаласаи комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.

 207 боздид

Субҳи имрӯз 22 – юми декбари соли равон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи кории комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар мавзӯи «Омодагӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар давраи мавсими баҳору тобистони соли 2022» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, сардори шӯъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Нуралиев Зуҳриддин, роҳбарони сохторҳо ва ташкилоту идораҳои дахлдор, сардорони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Муовини Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодда – сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят дар ноҳия подполковник Ҳамдамов Диловар дар баромади худ иброз дошт, ки дар мулоқот ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми шарифи мамлакат борҳо қайд намуданд, ки таъмини зиндагии осудаи аҳолӣ, ҳифзи сарватҳои миллӣ ва эминии ҳудуди кишвар аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, вобаста ба садамаю фалокат ва офатҳои табиию экологӣ, баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодии ноҳия ва тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ноьиявц барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар вазъияти фавқулодда, ки дар натиҷаи садамаю фалокат ва офатҳои табиию экологӣ ба миён омадаанд, дар ноҳия дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 таҳти №799 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 1 феврали соли 2016, таҳти №50 «Дар бораи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ҳолатҳои фавқулодда», қарори Раиси ноҳия аз 4 феврали соли 2016, таҳти №41 «Дар бораи Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда» ба тасвиб расида, мавриди амал қарор дода шудааст.
Инчунин қайд карда шуд, ки дар асоси қарори Раиси ноҳия таҳти №622 аз 01 декабри соли 2020 “Дар бораи Нақша-чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими баҳору тобистони соли 2021” ба тасвиб расида, зери назорат қарор дорад. Тибқи қарори мазкур дар давоми соли 2021 дар селроҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирикунанда гузаронида шуданд.
Бо назардошти натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби муовини Раиси ноҳия ва сардори шӯъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд барои пешгирӣ ва саривақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар давраи мавсими баҳору тобистони соли 2022 дар назди роҳбарони сохторҳо ва ташкилоту идораҳои дахлдор, сардорони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас гузошта шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.