АШТ: Ҷаласаи Комиссияи МИҲД-и ноҳия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо

 76 боздид

Санаи 25 июни соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ҷаласаи  дуюми  Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ашт, баргузор гардид, ки дар ҷаласа Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳияи ашт оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва  аъзоёни Шӯро ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иштирок доштанд.

Нахуст Маҳмудзода Ҷамшед Маҳмудзода муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, баромад намуда қайд кард, ки санаи 21 майи  соли 2019 ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои қаламравӣ вилоят таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар  баргузор гардид. Дар он ба фаъолияти комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисобии моҳи соли 2019 баҳогӯзорӣ карда шуда, камбудиву норасогиҳои онҳо дақиқ муқаррар карда шуда, ҷиҳати бартарафсозии онҳо ва беҳтар намудани фаъолият барои  соли 2019 вазифагӯзорӣ карда шуд. Аз ҷумла рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №151 «Дар бораи рушди воситаҳои техникӣ, танзими ҳаракат дар роҳ ва нигоҳубини онҳо»-ро аз ҷони сохторҳо дахлдор изҳори нигарони намуд.

Нуъмонзода Шерзод сардори  БДА ШВКД-и ҶТ ноҳияи Ашт, дар баромади худ қайд кард, ки  бо мақсади пешгирии намудани садамаҳои нақлиётӣ, беҳтар намудани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, дар ҳолати  хуб нигоҳ доштани ҳолати роҳҳои автомобилгард дар давраи ҳисобии  соли  2019 бахши БДА ШВКД-и Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ноҳия   чорабиниҳои мушаххасро ба нақша гирифта, иҷрои онҳо таъмин намуд.

Инчунин номбурда дар идомаи баромади худ таъкид дошт, дар давраи ҳисобии соли 2019 аз тарафи нозирони шуъбаи БДА ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ашт, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок ва назорати ҳамарӯза 3606 адад вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 (3093 адад) 513 адад зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисобии соли 2019 дар шуъбаи БДА-и ноҳия тибқи талаботҳои Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3606 дад ҳолати вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ баррасӣ гардида, нисбати 3496 ронанда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба маблағи 213483 сомонӣ таъин карда шуда, 17 нафар ронандагон огоҳонидашуда 156  мавод барои чораҷӯӣ ба суд ва 92 протокол ба дигар ШБДА ба тобеят равона карда шуд.

Набиҷон Маъмуров  сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия қайд намуд, ки муассиса дар ҳудуди ноҳия 94 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 22,3 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 200 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, мавҷуд мебошанд, ки онҳо дар тавозуни Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт” қарор доранд. Дар давраи ҳисобии соли 2019 дар ноҳия дар маҷмӯъ дар масофаи 201,2 километр роҳҳо  корҳои таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст.

Дар давраи соли ҳисобӣ аз тарафи муассисаи ноҳиявӣ, ба маблағи   68,8  ҳазор сомонӣ корҳои нигоҳдории роҳҳо иҷро карда шудааст.   Аз   ҷумла,    дар роҳҳои ҷумҳуриявӣ ба маблағи 6,0 ҳазор сомонӣ, дар   роҳҳои   байналмилалӣ ба маблағи 32,6 ҳазор сомонӣ ва дар   роҳҳои дохилӣ ба маблағи 30,2 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро карда шуданд.

Дар охир Маҳмудзода Ҷамшед муовини Раиси ноҳияи Ашт, оид ба фаъолияти нақлиётҳои мусофиркашони дохили шаҳрӣ эроди ҷидди гирифта, ба масъулин ҷиҳати саривақт ба танзим даровардани реҷаи кории нақлиётҳои мусофиркашон дастуру супориш дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *