АШТ: ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ ДАР САТИ КИШОВАРЗӢ ДОИР ГАРДИД

 452 боздид

Имрӯз, 18 июли соли 2022  дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар самти кишоварзӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.   Дар ҷамъомад  масъулини соҳаҳои дахлдор  ҷалб гардиданд ва вазъи нашуънамои пахта, кишти такрорӣ, зироатҳои полезӣ, таъминот бо об мавриди пурсиш қарор гирифт.  Раиси ноҳия зимни баромади хеш таъкид намуд:

“Бо дастгирии пайвастаи  Пешвои муаззами миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия насосҳои обкашӣ мунтазам фаъолият намуда, тамоми имкониятҳои мусоид барои пеш бурдани соҳаи кишоварзон фароҳам оварда шудааст. Истифода кардани ҳар порчаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд вазифаи аваллиндараҷаи мо бошад.”

Дар фарҷом ба масъулин Роҳбари ноҳия дастур дод, ки давоми як ҳафта тамоми камбудиҳои ҷойдошта пурра бартараф гардад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.