АШТ: Ҷаласаи кории назди Раиси ноҳия

 309 боздид

Субҳи имруз, санаи 20 сентябри соли 2021, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ , ҷамъияти матлубот дар ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатиб, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, варзишӣ, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал, зотпарварии ба номи Т.Эрйигитов, КИХҶ “Иттифоқ”, “Ниҳолпарвар”, “Мичурин”, масъулони вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба оид ба назорати рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Роҳбарияти ноҳия аз муовинон ва сардори Раёсати кишоварзии ноҳия рафти ҳолати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ пурсиш ба амал оварда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ, сафарбар намудани ҳашарчиён барои кӯмак ба пахтакорон бобати саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани “тиллои сафед” ва таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ вазифагузорӣ намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.