АШТ: Ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба гуштини тарзи озод

 272 боздид

Имрӯз, 16 майи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт, мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини тарзи озод барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд байни наврасони соли таваллудашон 2002-2004, бахшида ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷамъбаст гардид.

Дар расми пӯшидашавии мусобиқа, муовини Раиси вилояти Суғд Баҳодурзода Баҳоваддин, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов, директори муассисаи давлатии Мактаби варзишии вилояти Суғд Манижа Қосимова, довари байналмиллалӣ, меҳмон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Зайлибиддинов, собиқадорони соҳаи варзиш, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва варзишгарон аз манотиқи кишвар иштирок намуданд.

Тавре ба мо Ҷамшед Насриддинов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия иттилоъ дод: “Мақсад аз баргузории мусобиқа, тарғибу ташвиқи намуди варзиши гӯштини тарзи озод дар вилоят, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби вилояти Суғд оид ба гуштини тарзи озод мебошад”.

Дар охир ба ғолибон муовини Раиси вилояти Суғд Баҳодурзода Баҳоваддин, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов, директори муассисаи давлатии Мактаби варзишии вилояти Суғд Манижа Қосимова, довари байналмиллалӣ, меҳмон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Зайлибиддинов, Ҷоми Раиси вилоят, диплом, медал ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи вилоятӣ дар намуди гӯштини тарзи озод байни наврасони 2002-2004 барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд, 12 даста аз манотиқи ҷумҳурӣ ва 1 даста дар ҳайати 5 нафар аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо ҷалби беш аз 120 нафар варзишгарони наврас иштирок карда истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи мазкур аз рӯзи 15 то 16 майи соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт гузаронида шуд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.