Тибқи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия субҳи имрӯз 12 – уми ноябри соли равон, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, роҳбарони ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту идораҳо ҷамъбасти озмуни “Ташкилоти собиқадорони меҳнат” бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Натиҷаи озмун чунин аст:
Ҷойи якум ташкилоти ибтидоии соҳаи тандурустӣ
Ҷойи дуюм ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Меҳробод
Ҷойи сеюм ташкилоти ибтидоии соҳаи маориф
Ҷойи дуюм ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Шодоба
Аз ҷониби муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт ва Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ғолибони озмун бо Дипломҳои дараҷавӣ ва кӯмакпулии яквақтина қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин барои иштироки фаъолона ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҷамоатҳои деҳоти Пунук, Ошоба, Ашт ва зершӯрои маҳаллаи Меллибоеви Ҷамоати деҳоти Ашт бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.