Кишоварзони олиҳиммати Ҷамоати мазкур бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ тамоми нерӯву заҳмати худро равон намуда, дар майдони 805,6 гектар кишти пахтаро ба роҳ монда буданд.
Заркорони Ҷамоат бо сари баланд нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро 100,6 дарсад иҷро намуда, ба хирман 1741,1 тонна тиллои сафед супориданд.
Хоҷагиҳои пахтакори Ҷамоат ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки то охири мавсим ба корхонаҳои коркарди пахта боз зиёда аз 200 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, дар иҷроиши нақшаи ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки кишоварзони Ҷамоат дар ҳамин давраи соли гузашта ба хирман 866,4 тонна пахта супорида буданд, ки соли ҷорӣ 874,7 тонна зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъоварии ҳосил дар боқимонда ҷамоатҳои деҳоти пахтакор муташаккилона идома дорад.