АШТ: Ҷамъоварии пахта дар ноҳия муташаккилона идома дорад.

 347 боздид

Дар ноҳия барои ҷамъоварии ҳосили Пахта — 2021 корҳо бомаром идома дошта, дар асоси иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори ҷамоатҳои деҳоти ноҳия босуръат рафта истодааст.
Роҳбарияти ноҳия баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, рафти пахтачинии ҳаррӯзаро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.
Ёдовар бояд шуд, имсол кишоварзони ноҳия дар масоҳати 6183 (шаш ҳазору яксаду ҳаштоду се) гектар замин кишти пунбадона гузаронида, кӯшиш доранд, ки наздик 15 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.