10.10.2024
Барои ноҳияи Ашт рӯзи таърихи буда, имрӯз бори аввал аз ҳудуди ноҳия дар маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии ширкати “Саноати Ашт” ришта содирот гардид.
Маврид ба зикр аст, ки соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисони ширкати “Саноати Ашт” дар деҳаи Гулшан корхонаҳои дӯзандагию ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзиро таъсису бунёд намудаанд, ки ин се корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ якҷоя бо корхонаи ресандагӣ замина ба маҷмааи саноатии рушдёбанда мебошад. Ин иқдом дар рушди саноат дар деҳот саҳми арзанда ба муносибати эълони солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” арзёбӣ гардид.Аввалин бор 20 тонна риштаи 100 % пахта дар навбати аввал ба ду ширкати Ҷумҳурии Узбекистон содирот гардид. Дар назар аст, ҳамкори бо Федератсияи Россия ва давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда шавад. .
Тибқи нақшаи ширкати “Саноати Ашт” бо мақсади рушди саноат дар минтақа дар баробари таъсиси силсилаи корхонаҳои саноатӣ бо афзоиши ҳаҷми коркарди солонаи нахи пахта, ба иқтидори пурра расонидани фаъолияти минбаъда дар коркарди нахи пахта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ меафзояд, шумораи ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.
Корхонаю коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” дар рушди саноат, дар таъсису афзун намудани ҷойҳои корӣ дар деҳот нақши муҳим доранд. Бо татбиқи лоиҳаҳо иҷрои нақшаҳои тиҷоратӣ-истеҳсолӣ дар маҷмааҳои истеҳсолии ширкат ҷойҳои корӣ ва даромаднокии аҳолӣ зиёд мегардад.
Сифату стандарт ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ имкон медиҳад, ки пеш аз ҳама бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатии ивазкунандаи воридот таъмин карда шавад ва иқтидори содиротӣ баланд гардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия