АШТ: КИШТИ ПАХТА ОҒОЗ ШУД.

 303 боздид

15.03.2023
Нимаи дуюми рӯз Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо масъулони дахлдор дар минтақаи Урмонтоли Ҷамоати деҳоти Ифтихор ба кишти пахта оғоз намуд.

Дар оғози кишти пунбадона пирони кор барои фаровон гардидани ҳосил, тинҷиву оромии кишвар дуои хайр карданд. Зимни суҳбат ба кишоварзон роҳбари ноҳия таъкид намуд, ки тамоми қоидаҳои агротехникӣ зимни кишт бояд риоя гарданд.

Дар назар аст рӯзҳои наздик дар дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ кишти пахта оғоз мегардад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.