АШТ: КОМЁБИИ НАВБАТИИ МАОРИФЧИЁН

 8 759 боздид

02.11 2022

Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ғолиибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст» бо иштироки раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти озмун ғолибон аз ноҳияи Ашт, Ҷамолиддинова Гулрӯза-хонандаи синфи 4 МТМУ 36 аз наминатсияи «Адабиёти муосир», Муяссарзода Баҳманёр-сокини ҷамоати деҳоти Понғоз аз наминатсияи «Эҷодиёти назму наср» сазовори ҷойҳои дуюм гардида, бо маблағи 3000 сомонӣ ва Расулова Фотима-омӯзгори МТМУ 7 аз наминатсияи «Адабиёти ҷаҳон», Ҷӯраева Розиямо-хонандаи синфи 6 МТМУ 17 аз наминатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» сазовори ҷойҳои сеюм гардида, бо маблағи 2000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин, Мадаминова Уғулой-хонандаи синфи 4 , Қодирова Чаманоро-хонандаи синфи 4 МТМУ 61, Рӯзиматова Сурайё-хонандаи синфи 10 МТМУ 36, Рӯзиматов Лутфулло-омӯзгори МТМУ 64, Файзуллоева Сокина-омӯзгори МТМУ 36 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида бо ду адад китобҳои Пешвои миллат «Ҳидоятномаҳои Пешвои маорифпарвар», «Хушеди Ваҳдат» ва Сипосномаи Раиси вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.