АШТ: КОРВОНИ САЛОМАТИ ДАР НОҲИЯ ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ОҒОЗ КАРД.

 605 боздид

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода «Корвони саломатӣ» -и соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ашт ба фаъолият оғоз намуд.

Меҳмононро Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва шахсони дахлдор қабул намуд.

Дар “Корвони саломатӣ” мутахассисони ботаҷриба ва дастгоҳҳои замонавии тиббӣ иборат буда, ба сокинони ноҳияи Ашт хизмати ройгони тиббӣ мерасонанд.

Тибқи иттилоъ «Корвони саломатӣ» дар маркази ноҳия шаҳраки Шайдон тӯли ду моҳ фаъолият намуда, мутахассисони зерин ба сокинони ноҳия хизмати худро пешниҳод менамоянд:
• Табиби оилавӣ/табиби занона
• Табиби чашм
• Табиби қалб
• Табиби гӯш, бинӣ, ва гулӯ
• Озоишгар
• Радиолог
• Ултурасадо

Лоихаи «Клиникахои тиббии сайёр», ки аз ҷониби Барномаи хайриявии (Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз), Бонки Исломии Рушд идора шуда ва аз чониби ширкати “Нормека Интернешнл AС”амали мегарданд.

Тибқи муқаррарот Бонки мазкур тавассути озмуни байналмилалӣ ширкати «Нормека»-ро (Норвегия) ҳамчун оператори пешниҳоди Клиникаҳои тиббии сайёр интихоб намудааст. Клиникаҳои тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои аврупо 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошанд, ки дар он ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ, озмоишгох, таҷҳизот барои эндоскопияи хурд, хучраи чаррохи, тамографияи компютери, маммография муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Сокинон метавонанд аз чунин хизматрасониҳо ройгон истифода баранд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.