Санаи якуми апрел дар ноҳияи Ашт бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода «Корвони саломатӣ» -и соҳаи тандурустӣ ба фаъолият оғоз намуда, то имрӯз ба наздик 3 ҳазор нафар сокинони ноҳия хизмати ройгони тиббӣ расонид.
Аз ҷумла, ба 1916 нафар маслиҳатҳо, 911 нафар хизматрасонии тиббӣ, дар «Корвони саломатӣ» мутахассисони зерин ба сокинони ноҳия хизмати худро пешниҳод намуда истодаанд:
• Табиби оилавӣ/табиби занона
• Табиби чашм
• Табиби қалб
• Табиби гӯш, бинӣ, ва гулӯ
• Озмоишгар
• Радиолог
• Ултурасадо
Маврид ба зикр аст, ки лоихаи «Клиникахои тиббии сайёр», ки аз ҷониби Барномаи хайриявии (Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз), Бонки Исломии Рушд идора шуда ва аз чониби ширкати “Нормека Интернешнл AС”амали мегарданд.
Бояд қайд намуд, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Сокинон метавонанд аз чунин хизматрасониҳо ройгон (бепул) истифода баранд.