АШТ: КӮМАКИ ЯКВАҚТАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

 539 боздид

Меҳнати софдилонаву бошараф дар ҳама давру замон қадр мешавад. Оне, ки бо дасту дили пок хизмати меҳанашро ба сомон мерасонад, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор мегирад.

Имрӯз дар толори хурди МИҲД-и ноҳияи Ашт бо ширкати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии  рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким бахшида ба Иди Наврӯз чорабинӣ баргузор шуд.

Ба ширкаткунандагон—собиқадорони меҳнат барои меҳнати сидқидилона ва саҳм гузоштан дар рушди ҳамаҷонибаи ноҳия изҳори сипос карда шуд. Дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай  сардори Раёсати минтақавии  рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким ба панҷ нафар собиқадорони меҳнати ноҳия: Каримова Хурсанд (ҷ.ш.Шайдон), Хоҷаназарова Ӯлмасой, Дадаҷонов Маҳмудҷон (ҷ.д.Ашт) ва Имомов Ниёзмат, Кимсанов Рустам (ҷ.д. Понғоз) кӯмаки яквақтаи Раиси вилояти Суғдро супорид.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.