АШТ: Маҳфили илмӣ — адабӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ — кафили Истиқлоли давлатӣ” ва мулоқоту вохӯрӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ба истиқболи 29 — умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид.

 286 боздид

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯро мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, имрӯз 15 – уми феврали соли 2022, дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ – кафили Истиқлоли давлатӣ» ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид
Дар маҳфили илмӣ – адабӣ намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир, номзади илмҳои таърих, дотсент Алимов Ботур Ҳамидович, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Саидзода Шӯҳрат Шукур, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Каримзода Хушнуд, муовини озоди раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Рустамзода Наврӯз, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Мамадҷонов Зафар, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Абдуллоева Мутриба, намояндаи Шӯрои кор бо занон оид ба таҳкими «Сулҳ ва сулҳофарӣ»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Анҷумани «Пайванд» дар ноҳия Гулбаҳор Маликзода, аъзоёни ноҳиявии Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, фаъолон, собиқадорони хизмати давлатӣ, занони касбу кори гуногун, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, модарони фарзандашон дар адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ходимон ва имомхатибони масҷиди панҷвақта, омӯзгорону табибон ва раисони кумитаҳои маҳалла аз ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғоз ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ – адабӣ аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир, номзади илмҳои таърих, дотсент Алимов Ботур Ҳамидович, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Саидзода Шӯҳрат Шукур, намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия Пулотов Шӯҳрат дар мавзӯи «Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон: таърих, дастовард, дурнамо»; сарбоз Насриддинов Умедҷон дар мавзӯи «Хизмат дар сафи Артиши Миллӣ – хизмати Ватан Модар аст», Гулбаҳор Маликзода дар бобати садоқат ба Ватан, худшиносиву хештаншиносӣ маърӯзаву баромадҳои пурмуҳтаво карда шуда, аз ҷониби намояндаи маҳфили адабии «Ворисони Маъдан» Ахмедов Зафарҷон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия шеърҳо дар васфи «Ватан», «Сулҳ» ва «Пешвои миллат» қироат карда шуд.
Нимаи дуюми рӯз Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат ҳамроҳи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба қисмҳои ҳарбии 14356 «б»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 0216-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо афсарону сарбозон ва ҳайати шахсӣ мулоқоти судманд анҷом дода, аз буду бош ва шароити кунунии афсарону сарбозон аз наздик шинос шуданд.
Боиси қайд аст, ки бахшида ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ ба афсарону сарбозон ва ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии мазкур дастурхони идона ороста шуд.
Инчунин аз ҷониби маъмурияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои истироҳату фароғати афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ туби футбол, шашка, туҳфаҳои хотиравӣ ва китобҳои бадеӣ тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.