АШТ: МАҲФИЛИ ОИЛАИ НАМУНАВӢ

 637 боздид

Санаи 14 майи соли ҷорӣ, дар толори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ашт чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи оила”  таҳти унвони “Оилаи намунавӣ” гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ Назира Раҳимова мудири бахши САҲШ дар ноҳияи Ашт, Дилбар Зиёбиддинова сармуттахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия, собиқадорон ва оилаҳои намунавӣ аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия иштирок доштанд.

Нахуст, Дилбар Зиёбиддинова сармуттахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия табрикоти Раиси ноҳияро ба самъи ҳозирин расонида зикр дошт, ки оила ин чизи муқаддас аст. Мақому манзалати занон дар пешрафту тараққиёти ҳар як давлату миллат ва дар тарбияи насли бомаърифат, ободкору ватандӯст, худогоҳу худшинос хеле бузург аст.

Тавре ба мо иттилоъ доданд, мақсад аз баргузор кардани маҳфил, ин пеш аз ҳама паҳн намудани таҷрибаи пешқадами оиладорӣ, таъмини устувории оила, гироми доштани арзишҳои ваҳдати миллӣ, тарғиби фарҳанги қадимаи тоҷикон, тарбияи ахлоқию маънавӣ, маърифати оиладориву ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар охир намоиши барномаи фарҳангӣ доир гардида, дар он  саҳнаҳо аз рӯзгори имрӯзаи мардум пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.