Имрӯз, 30 январ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, дар маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон, бахшида ҷашнгирии Иди Сада ярмаркаи фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда шуд.
Тавре ба мо Рафторҷон Муҳаммадиев иттилоъ дод, имрӯз он маҳсулотҳои ниёзи аввал, ки ба фурӯш бароварда шудааст, назар ба нархи бозор аз 15 то 20 фоиз арзонтар аст.
Гуфта мешавад дар ярмарка фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал беш аз 10 номгӯи маҳсулотҳо ба фурӯш бароварда шудаанд.