АШТ: МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БУНЁД МЕГАРДАД (Бахшида ба 30-солагии Истиқлолият)

 524 боздид

Дар доираи амалисозии тадбирҳои ободонӣ ва сабзу хуррамсозии диёр баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ноҳияи Ашт—шаҳраки Шайдон Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон бунёд мегардад. Сохтмони он моҳи августи соли 2019 рӯ ба оғоз овардааст.
Бояд гуфт, маблағгузори ин иншооти ҷашнӣ МИҲД-и вилояти Суғд ва фармоишгар Идораи сохтмони асосии МИҲД-и вилоят мебошанд. Барои ин кор 2 млн.650 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Лойиҳаи ин иншооти ҷашниро меъморони КВД-и “Лойиҳакаш” дар ноҳияи Ашт офаридаанд, ки хеле ҷаззоб ва дорои ороишҳои гуногуни мувофиқ ба талаботи замон буда, баъди комилан бунёд шудану мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинону меҳмонони ноҳия ва маркази чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ табдил хоҳад ёфт. Маром аз бунёди Майдони Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллии кишвар ва беш аз пеш баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон мебошад.
Бунёди Майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ВДММ “Ашти Калон” ба уҳда дорад. Имрӯзҳо сохтмончиён баҳри бо сифати баланд, тибқи талаботи маъморию лойиҳавӣ ва дар муҳлати муқарраршуда сохта ба истифода додани иншоот бо эҳсоси масъулияти баланд меҳнат карда истодаанд. Барои онҳо кулли шароитҳои зарурӣ фароҳам оврада шудаанд.
Вақте мо субҳи 8 июл ба майдони сохтмон омадем, аҳли ҷомеаи меҳнатӣ машғули кор буданд. Сардори ҶДММ “Ашти Калон” Олимҷон Дадобоев бошад ба кори онҳо назорат мекарду ба бунёдкорон маслиҳатҳо медод. Дарвоқеъ, мо журналистон, ба ин мутахассиси чашмикордони соҳаи сохтмон шиноси дерина ҳастем. Зеро аз чанд иншоотҳои бунёдкардааш гузоришу хабарҳо интишор намудаем. Аз ҷумла, бо роҳбарии ӯ бинои шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт, дидбонгоҳи сарҳадии Пунук ва ғайра бо сифати баланд сохта ба истифода дода шудаанд.
—Кори сохтмон аз ҳар мутахассис ва коргар таваҷҷуҳи хосаву масъулияти баландро тақозо мекунад,—гуфт мавриди суҳбат Олимҷон Дадобоев. –Дар акси ҳол ба мустаҳкамии ҳама гуна иншоот ва босифатии он умед бастан нашояд. Иншооте, ки мо имрӯзҳо бунёд карда истодаем, дорои аҳамияти калони таърихӣ буда, бояд солиёни зиёд макони сайругашти оммавӣ, гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои замонавӣ гардад. Муҳимтар аз ҳама Парчами давлатӣ ва манзараҳои саҳну атрофи он, нақшу нигорҳои мухталиф бояд дар дили ҳар бинанда таассуроти хотирмоне боқӣ гузорад.
Тавре сарвари сохтмончиён иброз дошт, иншооти Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон 0,93 гектар заминро дарбар мегирад. Роҳи воридшавӣ ба назди парчам аз худи роҳи протоколии маркази ноҳия оғоз меёбад, ки имрӯзҳо онро коргарон сафолакпӯш карда истодаанд. Дар ду паҳлӯи он ниҳолҳои ороишӣ шинонида, дар як вақт ин мавзеъ сабзу хуррам гардонида мешавад. Дар маҷмӯъ, дар масоҳати қариб 7 ҳазор метри мураббаъ корҳои сафолакпӯшӣ, дар масоҳати 0,31 гектар корҳои сабзу хуррамгардонӣ анҷом дода, беш аз 200 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида хоҳанд шуд. Ҳар ҷо-ҳар ҷо гулҳои ҳарранга ба майдон назокату зебоии хоса мебахшанд.
Сохтмончиён инчунин дар атрофи Майдони Парчами давлатӣ 260 метри тӯлонӣ девори дорои нақшу нигор бунёд карданд. Тибқи лойиҳа дар ин мавзеъ ду фаввора (дар ду тарафи саҳни сутунпояи парчам), нишастгоҳҳои чӯбин, ду айвонча—суҳбатҷойи доирашакл ба арзи ҳастӣ омада, беш аз 80 адад сутанчаҳо барои равшанидиҳӣ шинонида мешаванд.
—Маълум, ки сутунпояи парчам дар ҷойи дигар омода мешавад. Ҳамин тавр?—пурсидем аз сарвари коргоҳ.
—Ҳа, ҳамин тавр. Онро ба як корхонаи шаҳри Гулистон фармоиш додаем,—гуфт О.Дадобоев. –Баъди он, ки пурра тайёр мегардад, ба қисмҳо ҷудо карда, ба Шайдон меорем ва ба ҷояш насб менамоем. Баландии парчам 54 метр, андозаи худи парчам 7 ба 14 метр аст. Аъзоёни ҷомеаи меҳнатии мо ба он ҷаҳд доранд, ки ин иншооти бузурги ҷашниро бо иҷрои нишондодҳои лойиҳавиаш омода намоянд.
Ҳа, он рӯз дур нест, ки дар маркази ноҳияи Ашт—шаҳраки Шайдон боз як иншооти азим қомат афрохта, ба диёрамон ҳусну ҷамоли тоза ҳадя месозад.
Ю.СИДДИҚОВ, Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.