АШТ: МАҶЛИСИ ФАЪОЛОН ДОИР ГАРДИД

 426 боздид

Санаи 08.07.22 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода маҷлиси фаъолон баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаъолони ноҳия муовинони раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  раисон, котибон,  мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок доштанд.

Маҷлиси фаъолони ноҳияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода оғоз намуд.

Рӯзномаи зерини Маҷлиси фаъолони ноҳия тасдиқ карда шуд:

«Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда».

Аз рӯи масъалаи рӯзнома «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода маърӯза  кард.

Раиси ноҳия баъди ба охир расидани маърӯза аз муовинон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия: Маҳмудзода Ҷ.А.- муовини раиси ноҳия, Ҷалилӣ А.А. – муовини Раиси ноҳия, Фарҳодзода Х.Ф. – роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, Рафиқзода Ш. – сардори нозироти андоз, Бобоалиев М.- сардори ИДБЗО, Шодиев М. – сармутахассис – ҳуқуқшинос, Тошматов Б. –муовини сардори идораи барқи ноҳия, Ҳайдарзода М. – мудири шуъбаи маориф, Муҳаммадиев Р. Ҷ.- сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, Турдалиев К.– менеҷери КАТС, Имомов А. –менеҷери хадамоти бистарӣ, Эшматов З.А. – мудири шуъбаи иқтисод ва савдо, Назиров П.  – сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард,  Қаюмӣ Ш.. – сардори идораи кумитаи заминсозӣ, пурсиш ба амал овард.

Дар маҷлиси фаъолон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим – суханронӣ намуда, дар баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳоро хотиррасон карданд ва диққати иштирокдорони маҷлиси фаъолонро ба истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо, сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии давраи минбаъда вазифагузорӣ намуданд.

Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуд ва барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дар шашмоҳи соли  2022 супоришҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.