АШТ: Маҷлиси фаъолони ноҳия дар шашмоҳаи соли 2023

 651 боздид

Санаи 08.07.2023 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Точикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло, намояндаи Раиси вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар 6-моҳи соли 2023 баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ноҳия, корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ, сартабибони марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои минтақавӣ, имонхатибон ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Нахуст оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Маҳмудзода Ҷамшед маърӯза намуд.
Сипас, аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз масъулон ва раисони шаҳраку деҳот пурсиш амалӣ гардида, вазифагузорӣ карда шуд. Инчунин аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло қайд карда шуд, ки муваффақиятҳо пешравии ҳар яки мост, лек имрӯз мо баҳри ислоҳи камбудиҳо корбариро ҷоннок намоем. Раёсати кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиддӣ корбарии худро вусъат бахшанд. Кишти картошка, пахта доимо дар назорат бояд қарор дода шавад.
Баъдан аз ҷониби роҳбарияти ноҳия сухан ба ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Неъматулло дода шуд. Муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло дар маърӯзаи худ оид ба муваффаӣияту камбудиҳои ноҳия сухан намуда, қайд карданд, ки иҷрои барномаҳои соҳавӣ назорат карда шуда, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ саривақт иҷро карда шавад.
Аз имкониятҳои мавҷуда дуруст истифода бурда, кишти такрорӣ ва захираҳои меваи ғизоӣ ба роҳ монда шавад. Зеро имрӯз боиси хурсандист, ки дар асоси дастуру супориши Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозорҳои истеҳсолии кишвар фаровон буда, мардум бо ғизо таъмин аст.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.