Имрӯз, дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт давоми соли 2023 доир гардид.
Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Каримзода Мирзоқосим, раиси ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Хушнуд, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, фаъолон, аъзоён ва собиқадорони ҳизб ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Дар оғоз роҳбари КИ ҲХДТ дар ноҳия Хушнуд Каримзода бо баромади худ ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид ва доир ба фаъолити ҳизб дар соли 2023 ва нақашаҳои минбаъда барои соли 2024 маълумоти муфассал дод.
Дар идома, Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқоти доир ба сиёсати оқилонаи Раиси муаззами ҳизби Халқи демократии Тоҷикистон тадбирҳои зарури андешанд. Ҳамзамон барои зиёд намудани майдони хоҷагии ёрирасони КИ ҲХДТ зиёд карда шавад.
Сипас, вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд ва ноҳиявӣ Мулоҷонова Дилафрӯз, Ёрматова Бунавша-раиси ташкилоти иптидоии ҲХДТ дар назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт баромад намуда, вобаста ба ободониҳо дар ҳудуди ноҳия маълумот доданд.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Каримзода Мирзоқосим баромад намуда доир ба фаъолияти пурсамари ҳизб изҳори қаноатманди намуда, барои пеш бурдани фаъолият дар соли 2024 баёни андеша намуданд.
Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни суханрони вобаста ба таиноти кадрӣ таваҷҷӯҳ намуда, Бурҳониддин Муҳиддинзода, ки бо пешниҳоди Раиси ноҳия ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мансаби муовини Раиси ноҳия оид ба самти идиалогия таин гардид, муаррифи кард ва барори кор орзу намуд.
Барои саҳми назаррас дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлат аъзо ва фаъолони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз тарафи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Каримзода Мирзоқосим ба якчанд ҷавонони ба сафи ҳизб аъзошаванда шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия