Нимаи дуюми имрӯз, санаи 3 августи соли равон, дар муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси машваратӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Мирдадо Зариф баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, комиссари ҳарбӣ, сардорони қисмҳои низомиии ҳудуди ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони Раёсатҳои кишоварзӣ, молия, омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, кумитаи идораи замин, КДФ БММҒ дар ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатиб, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, варзишӣ, масъулони вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба кишти зироатҳои баҳорӣ, оид ба назорати рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Раиси ноҳия ба масъулин оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат, таъмини иҷрои босифати нақшаи андоз, суръатбахшии кишти такрорӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар ноҳия, супоришҳо дода шуд.
Инчунин ба Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, сардухтурони беморхонаи марказӣ, муассисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ ва стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳия вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ барои эмин нигоҳ доштани саломатии сокинони ноҳия, ваксинагузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
Кайд карда шуд, ки пурзӯр намудани гардиши хона ба хона, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус тариқи баландгӯяк гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва риояи чораҳои зиддиэпидемикӣ ва санитарӣ метавон пеши роҳи ин бемориро гирифт.
Дар охир роҳбарияти ноҳия ба масъулин ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ба иҷро расонидани супоришҳои болозикр дастур доданд.