Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ва бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз 25 – уми декабри соли равон маркази саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод баъди азнавсозӣ ва таъмири кулл мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар расми кушоди маркази саломатӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовинони Раиси ноҳия, Роҳбари дастгоҳ, роҳбарият, кормандон, собиқадорони соҳаи тандурустӣ, масъулини Ҷамоати деҳоти Меҳробод ва аҳолӣ ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, ки азнавсозии маркази саломатӣ ва таҷҳизонидани он бо лавозимотҳои тиббӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатманди Ҷамоат ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ гардид.
Маблағи умумии азнавсозӣ ва таъмини таҷҳизоти тиббӣ 330 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иншооти мазкур туҳфаи арзишманде ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маркази саломатӣ рӯзона барои 15 кат омода карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки маркази саломатии мазкур мазкур бо сабаби фарсуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштан аз соли 2007 фаъолият намекард ва сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба беморхонаи марказӣ муроҷиат мекарданд, баъди ба истифода дода шудани маркази саломатии мазкур мушкилии сокинони Ҷамоат пурра ҳалли худро ёфт.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия якчанд нафар соҳибкорону саховатмандон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин ба аҳли сокинон барои ифтитоҳи чунин маркази саломатӣ дастурхони идона ташкил карда шуд.