АШТ: Маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасон (писарон) барои дарёфти Ҷоми корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илм Искандар Ҳомидов

 265 боздид

Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 – уми декабри соли равон, № 261-в субҳи имрӯз санаи 17 – уми декабри соли 2021, дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ноҳия маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасон (писарон) барои дарёфти Ҷоми корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илм Искандар Ҳомидов баргузор гардид.
Дар расми кушодашавии мусобиқа Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сарварони муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишии ноҳия ва мураббиёну варзишгарон ширкат варзиданд.
Мусобиқа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар мусобиқаи мазкур 5 даста аз вилоятҳои Суғду Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ зиёда аз 100 нафар варзишгарон иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа то санаи 20 – уми декабри соли ҷорӣ давом дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.