АШТ: МАШВАРАТ БО КИШОВАРЗОН

 122 боздид

Имрӯз дар толори калони МИҲД-и ноҳия Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва муовинони онҳо, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, сардорони як қатор муассисаву корхонаҳо машварат анҷом дод.
Ашт ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад ва бояд зикр намуд, маҳсулоте, ки ба кишту кор ва маҳсули он диққату таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад, пахта мебошад. Аз ин лиҳоз, сарвари ноҳия ҷиҳати сари вақт ва босифат иҷро намудани кишти пунбадона (то охири моҳи апрел), аз коркарди кишоварзӣ берун намондани заминҳо, истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб қитъаи замин, сари вақт аз коркарди агротехникӣ гузаронидани заминҳо, иҷрои нақшаи кишти ҳамаи намуди зироатҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ муваззаф гардиданд, ки ба корҳои фаҳмондадиҳӣ байни хоҷагидорону пахтакорон ҷиҳати сари вақту босифат иҷро намудани кишти пахта ва дигар намуди зироатҳо (сабзавот, полезиҳо, картошка…), гирифтани чанд ҳосил, кишти такрорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Ҳамчунин мавзӯҳои пешгирии бемории коронавирус ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ дар байни аҳолӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаву муҳити зист, омодагиҳо ҷиҳати бунёди иншооти дар нақша буда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, танзими нарху наво дар бозорҳо тавассути истеҳсоли маҳсулоти худӣ бозгӯ шуданд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.