Имрӯз, 26-уми августи соли равон, дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, машварати августии омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Дар кори машварат, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилояти Суғд Набиҷон Раҳмонов, муовинони Раиси ноҳия, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоту шаҳраки деҳоти ноҳия, роҳбарони сохторҳои идоракунии ноҳия, фаъолон, собиқадорони меҳнат ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт, дар баромади худ зикр дошт, ки агар соли таҳсили 2018-2019 эҳтиёҷи муассисаҳои таълимии ноҳия ба кадрҳои омӯзгорӣ 37 нафар бошад, пас ин рақам дар соли хониши 2019-2020 21 нафарро ташкил медиҳад, ки сол аз сол кам шуда истодааст.
-Ҷамъбасти соли хониши 2018-2019 нишон дод, ки сатҳи дониши хонандагон баланд гардида, дохилшавии онҳо ба муассисаҳои олӣ ва касбии ҷуҳурӣ ва хориҷи кишвар назаррас гардидаанд. Соли ҷорӣ аз 2311/1179 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1529 нафар барои дохил шудан муассисаҳои олӣ ва касбии кишвар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд ва 1373 нафар ба донишгоҳҳои олии ҷуҳурӣ, вилоят ва ба хориҷи кишвар дохил шуданд. Дар донишгоҳҳои олӣ ва касбии берун аз ҷумҳурӣ 342(43 нафар духтарон) таҳсил доранд.
-Дар соли хониши нав дар муассисаҳои таълимии ноҳия 58 адад озмоишгоҳҳои фанни химия ва биология, 57 адад озмоишгоҳҳои фанни физика амал менамоянд. Инчунин, 48 кабинетҳои фанни физика, 45 кабинетҳои фанни химия, 69 кабинетҳои алоҳидаи технологияи иттилоотӣ омодаи кор мебошанд.
-Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда дар давоми солҳои 2015-2019 54 нафар омӯзгорони ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 1 нафар бо замини полезию боғдорӣ таъмин шуданд. Ба 138 нафар мутахассисони ҷавон ҳар моҳ ба маблағи 10 фоиз ба музди маошашон музди иловагӣ дода мешавад. Мо бояд дар назар дошта бошем, ки дар миқёси ноҳия наздик 438 нафар омӯзгорони ҷавон кор ва фаъолият мебаранд. Шуъбаи маориф бояд корбариро дар ин самт ҷоннок намояд!
-Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳо андешида шудаанд. Натиҷаи санҷиши гурӯҳҳои корӣ дар муассисаҳои таълимӣ нишон дод, ки нишондодҳо назаррас нестанд, то ҳол мактабҳо ба давраи зимистон омода нашудаанд. Ба муассисаҳои таълимӣ барои захираи 405 тонна ангишт ва 810 метри кубӣ ҳезум нақшабандӣ карда шудааст.
Набиҷон Раҳмонов, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилояти Суғд, дар баромади худ гуфт: “Нақши кормандони соҳаи маориф дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасон, ҷавонон ва фарҳанги мардум ниҳоят арзишманд мебошад. Дар баробари ин масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усули инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулинро тақозо мекунад”.
Раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор устодон ва собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Сипосномаи МИҲД-и ноҳияро тақдим намуд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб манзури иштирокдорон гардид.