АШТ: Машварати кории назди Раиси ноҳия.

 314 боздид

Субҳи имрӯз 5 — уми марти соли 2022, дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати Раисм ноҳия машварати корӣ баргузор гардид. Дар кори машварат муовини Раиси ноҳия оид ба иқтисодиёт, муовини комиссари ҳарбии ноҳия, сардорони якқатор раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, масъулини вобасташудаи мақомоти иҷроия ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва дигао сохторҳои марбута ширкат варзиданд. Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ҷиҳати омӯзиши ҷавонписарони синну соли даъватӣ, омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2022, ҷалби ҷавонони синну соли даъватӣ ба мактабҳои ронандагии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, ташкили ситоди корӣ, ҳолати воқеъии захираҳои сафарбарӣ, аз ҷумла, шумораи афсарону прапоршикон ва сержанту сарбозони дар эҳтиёт қарор дошта, миқдори захираи сару либоси низомӣ, захираҳои хӯрока, лавозимоти зарурии дастнорас, нақлиётҳои номнависшуда, пеш аз мӯҳлат иҷро намудани нақшаи андози моҳи март, тақсимоти пилла, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва кишти баҳорӣ ба масъулинр сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.