АШТ: МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ  ДОИР ГАРДИД

 282 боздид

30.08.2022

Имрӯз   дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба масъалаҳои  “Оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2022 ва гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ”, рафти иҷрои нақшаи ҷамъоварии андози моҳи август, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ,  «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023»   машварати корӣ баргузор намуд.

Дар ҷамъомад роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кишоварзон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини соҳаҳои дахлдор ширкат намуданд.

Дар оғози машварати корӣ муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед аз рӯи рӯзномаи ҷаласа баромад намуда, оид ба рафти омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷамъбасти иҷрои ҷамоварии андоз, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ дар ноҳия гузориши муфассал дод.

Раиси ноҳия зимни баромади хеш таъкид намуд:

“Бо меҳрубониҳои пайвастаи  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳия барои заминстонгузаронӣ дар тамоми муассисаҳои давлати ва хусусӣ, фаъолияти рушди соҳибкорӣ ва пардохти андоз, тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Танҳо, истифодаи самараноки вақт мебояд.”

Баъдан, мувоини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ вобаста ба омодагӣ ба рӯзи дониш,  таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ маъулмот дод. Муовини Раиси ноҳия дар бораи натиҷаи гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз рафти омодагӣ ба соли нави хониш дар муассисаҳои таълимц иттилоъ ва суратгузориш пешниҳод намуд.

Роҳбари ноҳия дастур дод, ки бо сабаби фаро расидани соли нави хониш роҳбарони ҳамаи муассисаҳо бори дигар ба соли нави хониши 2022-2023 комилан омадагиро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дар қисмати ободонӣ бошад Шӯҳрат Муҳаммадзода афзуд, ки дар идомаи ташаббусҳои Раиси ноҳия сокинони сарбаланди Ҷамоатҳои деҳоти Ориён, Пунук, Меҳробод дастгирӣ намуда, роҳҳоро бо асфалти гарм таъмир ва бунёд карда истодаанд,  ки нишонаи  дӯстдории Тоҷикистони азиз мебошад.

Дар фарҷом ба масъулин Роҳбари ноҳия дастур дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин тамоми супоришҳо ҷиддан ба назорат гирифта шуда, аз иҷрои он маълумоти хаттӣ пешниҳод гардад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.