АШТ: МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

 1 660 боздид

18.10.2022.

Имрӯз, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба як масъала доир гардид:

“Оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2022 ва гузаронидани омӯзиши шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ”.

Дар ҷамъомад роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кишоварзон, кормандони тиббу маориф, ходимони дин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини соҳаҳои дахлдор ширкат намуданд.

Дар оғози машварати корӣ муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед аз рӯи рӯзномаи ҷаласа баромад намуда, оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ноҳия гузориши муфассал дод.

Баъдан аз ҷониби роҳбари ноҳия аз масъулони соҳа пурсиш ба амал овард ва дар ҷодаи пеш бурдани кор супоришҳои мушаххас дод.

Раиси ноҳия зимни баромади хеш таъкид намуд:

“Бо меҳрубониҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити буду боши аскарон ва сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хеле боло рафтааст. Танҳо, моро зарур аст, ки дар ҷодаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корбарӣ намоем. Ватани маҳбуби моро ба ҷуз мо каси дигар ҳимоя намекунад. Ҳар фарди бо нангу номусро бояд, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил гардида, мактаби мардонагиро гузаранд.”

Дар фарҷом ба масъулин Роҳбари ноҳия дастур дод, ки дар муддати кӯтоҳтарин тамоми супоришҳо ҷиддан ба назорат гирифта шуда, аз иҷрои он маълумоти хаттӣ пешниҳод гардад.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.