Субҳи имруз, санаи 13 августи соли 2021, дар муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки санаи 11 августи соли равон баён намуданд, маҷлиси машваратӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Мирдадо Зариф баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони Раёсатҳои кишоварзӣ, молия, омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, кумитаи идораи замин, КДФ БММҒ дар ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатиб, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, варзишӣ, роҳбарони коргоҳҳои духти либоси мактабӣ, сарварони корхонаҳои саноатӣ, масъулони вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба кишти такрорӣ, оид ба назорати рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Раиси ноҳия ба масъулин оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои тантанавӣ, Паради ҳарбӣ, роҳпаймоии идона, барномаи бошукуҳи театркунонидашуда ва консерӣ бахшида ба ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва дар ин замина афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини нақшаи харидорӣ ва захираи ангишту ҳезум ва ташкилоту муассисаҳо, таъмини фаъолияти босамари коргоҳҳои дӯзандагӣ, таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо либоси ягонаи мактабии истеҳсоли худӣ, таъмини иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақаву кӯмакпулиҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъмини истифодаи самараноки заминҳои корам, наздиҳавлигӣ ва ёрирасони ташкилоту муассисаҳо, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, омода намудани муассисаҳои соҳаи маориф ба соли таҳсили нав, суръатбахшии кишти такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар охир роҳбарияти ноҳия ба масъулин ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ба иҷро расонидани супоришҳои болозикр дастур доданд.