Санаи 20 — уми январи соли 2022 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия машварат таҳти раёсати муовини Раиси ноҳия Ҷамшед Маҳмудзода бо иштироки Умарзода Завқидин – сардори идораи бозомӯзии кормандони раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Негматзода Носир – сардори шӯъбаи муомилоти пулии бонк дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва зиёиёни ноҳия ширкат варзиданд.
Умарзода Завқидин дар назди ҳозирин баромад намуда, доир ба мавқеъ, дастовардҳо, имконияту захираҳо, роҳҳои пешниҳоди маблағҳои қарзӣ, намудҳои он барои рушди соҳаи кишоварзӣ, васеъ намудани самтҳои фаъолияти хизматрасонии бонкӣ, бунёд ва азнавсозии иншоотҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла Марказҳои хизматрасонӣ дар маҳалҳо, беҳтар намудани кори таҷҳизотҳои электронии хизматрасонии бонкӣ ва қонеъ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон баромад намуд.
Сипас ба саволу дархостҳои иштирокчиён, ӯ ҷавобу посухҳои саҳеҳ пешниҳод намуд.