АШТ: МОДАР САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФОСТ!

 520 боздид

Санаи 7 марти соли равон дар толори МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов Рӯзи Модар таҷлил карда шуд. Аввалан дар даромадгоҳи театр маҳсули дастии ҳунармандони ноҳия ба маъраз гузошта шуд. Ҳунармандону кадбонуҳои ноҳия барои ғолиб омадан дар озмунҳои “Кадбонуи беҳтарин” ва “Ҳунар беҳтар аз зар” иштироки фаъолона намуданд.

Аз маҳсули натиҷаи иштироккунандагон  Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи МИҲД-и вилоят, сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода ва дигар меҳмонони расмӣ боздид намуданда барои ороиши хони идона баҳои баланд доданд.

Сипас, Раиси ноҳия ба як қатор собиқадорони фаъол, ки бо шукргузори давлати пирӣ доранд тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, зикр дошт, ки барои пешрафти хоҷагиҳои халқи ноҳия хизмати босазо намудаанд.

Баъдан дар толор табрики Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро намояндаи МИҲД-и вилоят, сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода ба самъи модарон расонид.

«Қайд гардид, ки зан роҳнамои рӯзгори босаодат, домонаш биҳиштиву қалбаш дарёист. Чӣ тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфтаанд, арҷ гузоштан ба бузургии модар, расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзиаш рисолат ва вазифаи муқаддаси ҳар инсони комилу бонангу номус аст. Имрӯз аз таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумати кишвар ба зан-модар, офарандаи башар наметавон ҳарф нагуфту шукр накард. Имрӯз зан модар, сарвар, табиб, иқтисодчӣ, сиёсатмадор билохир қувваи пешбарандаи ҷомеа аст.»

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода кулли модарону бонувонро бо Рӯзи Модар таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, саломатии бардавом, хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Гуфта шуд, ки занону модарони тоҷик  рисолати ҳамешагии хеш — тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси давлати соҳибистиқлолро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд. Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем.

Як қатор собиқадорону бонувони заҳматпешаи ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Натиҷаи озмунҳои “Кадбонуи беҳтарин” ва “Ҳунар беҳтар аз зар” ҷамъбаст гардидаву ғолибон, аз ҷумла Литсейи №1, гимназияи №1, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2, 65 ва 17, Маркази саломатии ноҳия сазовори Диплом ва туҳфаҳо гаштанд.

Ҳамчунин ҳунармандон Ризқӣ Мӯсоева, Мумтоза Каримова, М.Юсупова ва М.Ҳакимов ғолибони озмуни “Ҳунар беҳтар аз зар” эълон шуданд.

Барномаи фарҳангӣ, ки хеле ҷолибу рангин буд, бо қарсакҳои пурмавҷ қадр карда шуд. Беҳтарин суруд ва рақсҳо, саҳнаҳои ҷолиб пешниҳоди тамошобинон гардид. Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода барои омода намудани чунин барномаи пурмуҳтаво ба аҳли ҳунармандони бахши фарҳанг ва театр изҳори сипос намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.