Субҳи имрӯз 12 – уми марти соли 2022, дар саҳни бинои муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии №37-и Ҷамоати деҳоти Шодоба маросими номгузорӣ ва бардоштани парда аз лавҳаи Арбоби шоистаи илму техника, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, муовини Раиси ноҳия оид ба иҷтимоӣ – фарҳангӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳавӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Шодоба, ҳамкасбон, шогирдон, хешону пайвандон ширкат варзиданд.
Баъд аз ифтитоҳи лавҳа Раиси ноҳия ба сухан баромада, иброз дошт, ки имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашнвораҳои бузургу таърихӣ, дар ин рӯзҳои баҳорӣ, таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилал баргузории маросими номгузорӣ ва гузоштани лавҳа дар ин боргоҳи илму маърифат ба номи Арбоби шоистаи илму техника, Аълочии маориф ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов барои ҳамаи мо ва тамоми ҳамдиёрон шарафу ифтихор мебошад.
Чанд муддат пештар дар Ҷамоати деҳоти Понғоз, дар маҳаллаи зисти устод кӯчаи марказӣ ба номи Баҳриддин Камолиддинов номгӯзорӣ гардида буд.
Барои мо сокинони ноҳияи Ашт фахри бузург аст, ки чунин инсони барӯманд, ватандӯст, забондон фахри тамоми миллати тоҷик, зодаи диёри мо ҳастанд ва мо бояд номи неки он касро доимӣ дар қалбамон ва корамон абадӣ зинда ҷой дода бошем.
Баҳриддин Камолиддинов– доктори илмҳои филологӣ, профессор, забоншинос, суханшинос, услубшинос, устоди нотакрор пас аз хатми факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамин боргоҳи илму маърифат оғоз намудаанд.
Устод дар вазифаҳои ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ, муаллими калон, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик, муовини ректори донишгоҳ, мудири кафедра, мудири кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносӣ (то умри вопасин) адои вазифа намудаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки саҳми устоди обрӯманду олими муътабар Баҳриддин Камолиддинов дар тарбияи шогирдон, олимони соҳаи филологияи тоҷик назаррасу шоиста аст.
Баьриддин Камолиддинов дар байни ҳамкорону ҳамкасбон, донишҷӯён, аҳли илму адаб, матбуот, радиою телевизиони тоҷик ҳамчун омӯзгори ахлоқи ҳамида, хушгуфтор, забондон, олим обрӯи баланд доштанд.
Эҳтироми бузурги Баҳриддин Камолиддинов дар байни сокинони ноҳия, ҳамдеҳагону ҳамшаҳриён, ки дар Душанбею Хуҷанд, Бадахшону Бохтар ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии азизамон зиндагӣ ва кору фаъолият доранд, нотакрору беҳамто мебошад.
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон шогирдони устод бо камоли эҳтиром қадру қиммати меҳнат ва сабақи устодро дар ҳаёт амалӣ менамоянд. Дар тӯли солҳо даҳҳо нафар шогирдон рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҳимоя намудаанд.
Баҳриддин Камолиддинов дар фаъолияти кориашон ҳамчун олими забоншинос зиёда аз 260 мақола, асарҳои илмию методӣ, китобҳои дарсӣ, асари сеҷилдаи Грамматикаи забони тоҷикӣ ва даҳҳо дигар рисолаҳоро оид ба такмили забони тоҷикӣ эҷод намудаанд.
Баҳриддин Камолиддинов дар вақти қабули “Қонуни забони давлатӣ” ба сифати аъзои комиссия дар радио, телевизон ва рӯзномаю маҷаллаҳо баромадҳо намуда, дар қабули қонун саҳми беназир доранд.
Аз ҳама муҳим он аст, ки эҳтироми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати Устод хеле калон аст.
Барои самаранок истифода намудани донишу таҷрибаи Устод дар рушди забони давлатӣ дар хонаи истиқоматиашон барои пахши барномаҳои телевизон розигӣ дода буданд.
Хизматҳои арзандаи Устодро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ намуда, ба унвони “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон”, Арбоби шоистаи илму техника ва ба унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.
Баҳриддин Камолиддинов дар байни ҳамкорону ҳамкасбон, аҳли илму адаб, матбуот, радио ва телевизион ҳурмату эҳтироми баланд доштанд.
Баҳриддин Камолиддинов ҳамчун мураббии дилсӯз ва падари ғамхор буда, фарзандони некному накӯкорро ба воя расонидаанд, ки онҳо мисли падар дар Донишгоҳи миллӣ, дар соҳаи андоз, бонк ва маорифу фарҳанг кору фаъолият доранд.
Ёди ин устоди сухан дар дилу дидаҳои мо ҳамдиёрон, хешу пайвандон ҳамеша абадӣ боқӣ хоҳад монд.
Умед ба он мекунам, ки омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ, ки имрӯз номгузорӣ ва лавҳаи хотиравии Устодро амалӣ карда истодаем, бояд қадр намуда, сазовори эҳтиром гарданд, бо дониши хубу аъло таҳсил намоянд ва чун Устод дар оянда намуна гарданд.
Сипас, фарзанди устод Фаридун Камолиддинов баромад намуда, дар бораи хусусиятҳои нотакрори устод, ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳнати софдилона барои бунёди забони ноби тоҷикӣ, эҷоди силсила асарҳо ва китобҳои услубшиносӣ ва такмили забони давлатӣ, хусусиятҳои серталабӣ, инсондӯстонаю меҳрубононаи падар ва чанде аз ёддоштҳо сухан намуд.
Барои чунин ғамхориҳою қадршиносиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт минатдории самимӣ изҳор намуд.
Баъдан, иштирокчии Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, ҳамсабақ ва ҳамсоли устод Баҳриддин Ахмедов баромад намуда, оид ба фаъолият ва кори пурсамари устод Баҳриддин Камолиддинов сухан гуфтанд.
Ҷиҳати болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ аз ҷониби хонандагони муассисаи таълимии мазкур дар васфи устод шеърҳо қироат карда шуда, бо иштироки ҳофизони ноҳия сурудҳо сароида шуд.
Дар охир аз ҷониби директори муассисаи мазкур миннатдорӣ изҳор карда шуд.