АШТ: Мулоқоти Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо соҳибкорони ноҳия.

 291 боздид

Субҳи имрӯз 2 – юми марти соли 2022, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо соҳибкорони ноҳия баргузор гардид.
Дар мулоқот муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия роҳбарони якқатор сохторҳои марбутаи соҳавӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва соҳибкорон иштирок доштанд.
Раиси ноҳия мулоқотро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соҳибкорӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба рушди он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аҳамияти хоса дода мешавад.
Баҳри дастгирӣ намудани ин соҳаи муҳим як қатор дастгириҳо пешбинӣ карда шуда, дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ – ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон гардид. Дар ин замина, масъулони соҳа ва соҳибкорону саноатчиёни вилоят ин иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд ва дар натиҷа дар давоми соли 2020 якчанд корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
-Имрўзҳо дар ноҳия зиёда аз 8400 нафар соҳибкорон ва 12 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд. Бояд зикр намуд, ки соҳибкорони ноҳия дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият намуда, дар фаъолияти худ технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсиониро ба таври васеъ мавриди истифода қарор медиҳанд, — иброз дошт Раиси ноҳия.
Гуфта шуд, ки дар ноҳия иқтидорҳои бузурги саноатӣ, теъдоди зиёди соҳибкорони ташаббускор, ҷавон ва навовар, инфрасохтори зарурӣ ва захираҳои фаровон мавҷуданд.
Новобаста ба вазъи замони муосир, дар ноҳия баҳри муаррифии имкониятҳои сармоягузориву тиҷоратӣ, ҷалби бештари сармоягузорон ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди соҳибкорони вилоят бо дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд.
Баҳри ҳаллу фасли муаммоҳои ҷойдошта дар назди Раиси ноҳия Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудааст. Дар Шўрои машваратӣ муаммоҳое, ки дар ноҳия вуҷуд доранду онҳо баҳри рушди соҳибкорӣ монеъа эҷод мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли онҳо корбарӣ карда мешавад.
-Имрўз метавон бо боварии комил тазаккур дод, ки бо дастуру ҳидоятҳо ва ғамхориву дилсўзиҳои Пешвои муаззами миллат, барои рушди бемайлони соҳаи саноати ноҳия тамоми имконияту шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Боварии комил дорам, ки соҳибкорон бо истифода аз ин имкониятҳо ва бо меҳнати ҳалолу созандаи хеш ҷиҳати пешбурди иқтисодиёти ноҳия саҳми босазои худро мегузоред,- илова намуд Муҳаммадзода Шӯҳрат.
Инчунин бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия асосиатсияҳои соҳибкорони ноҳия таъсис дода шуд, ки минбаъд ҳамаи соҳибкорони ноҳияро муттаҳид мекунад.
Дар охир ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба солҳои 2022-2026 эълон гардидани “Солҳои рушди саноат” аз ҷониби соҳибкорон ҷиҳати бунёди корхонаи ресандагӣ ва иншоотҳои таъиноташон гуногун ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори омодагӣ карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.