Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия субҳи имрӯз 1 – уми феврали соли 2022 дар тарабхонаи “Хуршеди Ҷамшед” – и Ҷамоати деҳоти Меҳробод ҷиҳати шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ — иҷтимоии ҷамоат мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо сокинони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсати молия, нозироти андоз, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, КИ ҲХДТ дар ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, сартабибони беморхонаҳои марказиву минтақавӣ, роҳбарият ва кормандони Ҷамоати деҳоти Меҳробод, вакилони ҷамоат, ҷавонон, занон, фаъолон, собиқадорон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эмин нигоҳ доштани аҳолии вилоят аз сироятёбӣ ба бемории КОВИД – 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, ба ваксинатсия фаро гирифтани аҳолӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муасиссаҳои миёна, амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯхтани илму ҳунар ва дигар масоили мубрами рӯз изҳори андеша кард. Инчунин муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва масъалаҳои экстремизм ва терроризм баромад намуданд.
Нимаи дуюми рӯз мулоқот дар тарабхонаи “Гулшан” – и Ҷамоати деҳоти Шодоба бо сокинон ва фаъолони ҷамоат баргузор гардид. Дар анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сокинон дархосту таклифҳо оид ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ пешниҳод карда шуд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия 4 нафар маъюбон, беморону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо, оилаҳои камбизоат ва қишри ниёзманди ҷомеаи ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Шодоба бо маводи хӯрокаи ниёзи аввал аёдат карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар асоси нақшаи тасдиқгардида баргузор карда мешавад.