Ашт: мулоқоти вакил бо сокинон

 1 331 боздид

Дар ҷамоатҳои ноҳияи Ашт бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои таърих Ҷамшед Ҷӯразода, мудири бахши муассисаи давлатии маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобоев,  устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Нуралӣ Нурзод, раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, директори Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё ва рушди адрасу атласбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ” Ёқубӣ Муҳаммадҷон, раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, муовини раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Баҳриддин оид ба тарғибу ташвиқӣ тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқотҳо Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ашт Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода баромад намуда, тағиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бори танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барои иштирокдорон шарҳ дода афзӯд: “Тағиру иловаҳо ба қонуни мазкур барои боз ҳам беҳтар ва хубтар шудани вазъи зиндагии мардум ва кам кардани зиёдаравиву исрофкорӣ мусоидат мекунад”.

Давоми ҳафта дар ҳама ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳияи Ашт чунин мулоқоти судманд ва саривақтӣ бо сокинон баргузор гардид ва моҳияти тағиру иловаҳои ахир ба қонуни мазкур ба сокинон фаҳмонида шуд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.