АШТ: МУОВИНИ САРВАЗИР ВА ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ БА НОҲИЯ САФАРИ КОРӢ АНҶОМ ДОД.

 985 боздид

10.02.2023

Субҳи имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар шахсони расмӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, директори беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Муҳаммадсаид Убайдулло, муовини раиси вилоят оид ба масоили кишоварзӣ Зариф Мирдадо ва дигар меҳмононро истиқбол гирифтанд.
Дар оғоз муовини Сарвазир бо роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар даромадгоҳ суҳбати сарироҳӣ анҷом дод. Зимни мулоқот Сулаймон Зиёзода ва Қурбон Ҳакимзода ба Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода барои дастовардҳои назаррас дар масоили гуногун, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ изҳори сипос намуданд:
“Мардуми меҳнаткаши ноҳия тавонистанд бо меҳнати содиқона аз ҳар ваҷаби замин пурсамар истифода намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёниданд. Дар кишти мавсимии оянда тибқи супориши Пешвои муззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кишти сабзавотҳои ниёзи аввал, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардад.”
Дар идома гуфта шуд, ки дар замони мураккаби сиёсиву иқтисодии дар ҷаҳон, ин ҳама дастъовардҳо маҳз туфайлӣ сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст.
Дар доираи сафари корӣ бо роьбарии Сулаймон Зиёзода аз пойгоҳҳои обкашии АНС 1 ва сехи токарии идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия Ашт шинос шуд. Барои комилан омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ то мавсими кишт ба масъулин дастур дода шуд.
Сипас, меҳмонон аз ҷараёни сохтмони коргоҳи ҷӯроббофӣ ва корхонаи коркарди нахи пахта дар як шабонарӯз 15 тонна дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуданд.
Маврид ба зир каст, ки иқтидори коргоҳи ҷӯроббофӣ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯробро ташкил дода, 200 нафар бонувон ва сокинон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд. Боиси қайд аст, ки ин ду корхонаи азим метавонад беш 600 нафарро ба ҷойи кории доимӣ бо маъоши баланд таъмин намояд.
Меҳмонон ба мутахассиси Ҷумҳурии Чин, ки ба насби таҷҳизоти ҷӯроббофӣ масъул аст, сӯҳбат анҷом дода вобаста ба раванди кор маълумоти муфассал гирифтанд.
Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон оид ба рафти азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, усули нави парвариши боғҳо, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифати худӣ маълумот дод.
Дар фарҷоми сафари корӣ меҳмонон аз фаъолияти сехи дузандагии “30 солагии маҷмаи Истиқлол” шинос шуданд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.