Ашт: Мусобиқаи бокс баргузор шуд

 589 боздид

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт бахшида ба 80-солагии ровии нотакрор, Ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба бокс баргузор гардид.
Тавре аз мактаби варзишии №1 ба маркази матбуотии ноҳия иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур аз санаи 27 то 30-сентябр гузаронида шуд. Дар мусобиқа варзишгарон аз Тоҷикистон ва Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Ҷиззах ва Робканд иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқа ба дастпарварони мактаби варзишии №1 муяссар гардид, ки ба гирифтани 2 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм шарафёб гарданд.
Дар анҷоми мусобиқа Раиси ноҳияи Ашт ба ғолибон туҳфаҳои хотиравиро тақдим карда гуфт, ки шукри оромӣ ва ободии диёр, ки имрӯз мо чунин мусобиқаҳоро баргузор мекунем. Ширкати варзишгарони давлати ҳамсоя Ӯзбекистон низ дар ин мусобиқа боиси сарбаландии мост. Шумо номбардорони Ватани азизамон ҳастед ва кӯшиш кунед, ки парчами кишварамонро дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ боло бардоред.

Хотирасон мекунем, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 166 нафар варзишгарон иштирок намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.