АШТ: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол баргузор гардид

 7 346 боздид

25.10.2022
Дар толори калони варзишии Муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и ноҳия мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасони соли таваллудашон 2005-2006 барои дарёфти Ҷоми корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Ҳомидов бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқа Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Давлатов, Раиси Федератсияи волейболи вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва варзишгарон иштирок намуданд.
Дар оғоз Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, баён дошт:
“Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи зиёд равона карда мешавад. Тамоми шароитҳои зарурӣ барои варзишгарон дар қаламрави кишвар таъмин гардидааст. Танҳо варзишгаронро зарур аст, ки бо меҳнати содиқонаю софдилона тамрин намуда, Парчами кишварро дар арсаи ҷаҳон боло бардоранд.”
Сипас, Раиси федератсияи волейбол дар вилояти Суғд Сарҳад Ғаниев баромад намуда, барои дастгирии ҳамаҷониба барои ташкили чорабинии варзишӣ дар сатҳи баланд ба роҳбарияти ноҳия изҳори сипос намуд.
Маврид ба зикр аст, ки мураббиён ва варзишгарон аз минтақаҳои дурдасти кишвар иштирок доранд. Дар мусобиқа дастаҳои Суғд 1, ВМКБ 1, Душанбе 1 ва 2, вилояти Хатлон 1 ва 2, дастаи “Ҳисор” байни ҳам барои ҷойи аввал сабқат мекунанд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.