Санаҳои 15-16-уми феврали соли ҷорӣ, дар толори варзишии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия, байни ҷавонписарон, ҷавондухтарон ва ҷавонони имконияташон маҳдуд, мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба дастхобонӣ баргузор карда шуд.
Ба иттилои масъулин, мақсад аз баргузории мусобиқа ин тағиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани шахсони имконияташон маҳдуд ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 80 ва 15 нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд иштирок намуданд.
Дар охир ғолибон бо медал ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.