АШТ: Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба тирпарронӣ байни ҷавондухтарони ташкилоту идораҳо бахшида ба “Рӯзи Модар” баргузор гардид.

 1 203 боздид

Тибқи нақша – чорабиниҳои якҷояи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия санаи 3 – юми марти соли равон, дар ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба тирпарронӣ байни ҷавондухтарони ташкилоту идораҳо бахшида ба “Рӯзи Модар” баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 9 даста аз ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа ин ривоҷу равнақ додани варзиш дар намуди тирпарронӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон, оммавигардонии варзиш байни бонувон мебошад.
Дар натиҷа дар ҳайати даставӣ:
Ҷойи якум муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7
Ҷойи дуюм комиссариати ҳарбии ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
Ҷойи сеюм муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва муассисаи давлатии мактаби варзишии №1.
Дар ҳайати шахсӣ:
Ҷойи якум Ашӯрова Хадиҷа
Ҷойи дуюм Ашӯрова Дилафрӯз
Ҷойи сеюм Қосимова Сабоҳат
Дар охир ғолибони мусобиқа бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.