Бахшида ба эълон гардинаи солҳои 2019-2021”Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ” ва ба истиқболи таҷлили “Рӯзи модар”, дар Ҷамоати деҳоти Ошоба мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба варзиши сабук дар намуди давидан байни бонувон гузаронида шуд.
Ба иттилои Обода Каримӣ мудири бахши кор занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мақсад аз баргузории мусобиқа тин пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани духтарон ва бонувон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиб ва ташвиқ намудани варзиши сабук байни духтарон ва бонувон дар ноҳия, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишгарон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур духтарони синну солашон аз 2001-2005 ва бонувон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибон бо медал ва ифтихорномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.