Аз санаи 7 то 9 ноябр, бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дар Ҷамоати деҳоти Ошоба мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба Таэквон-до ИТФ байни наврасон, ҷавонон ва духтарон баргузор гардид.
Ба иттилои масъулин мақсад аз баргузории мусобиқа, ин тарғиб ва ташвиқи Таэквон-до ИТФ дар ноҳия, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, ривоҷу равнақ додани Таэквон-до ИТФ дар ноҳия ва муайян намудани дастаи яккачини ноҳия мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз ноҳияи Зафаробод фаъолона иштирок доштанд.
Дар охир аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, ғолибон бо медал ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.