Ашт: МУСОБИҚАИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ГӮШТИНИ МИЛЛӢ «ГӮШТИНГИРӢ» БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ БАХШИДА ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.

 7 768 боздид

Дар варзишгоҳи марказии Ҷамоати шаҳраки Шайдон мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид, ки варзишгарон дар вазнҳои 50кг, 60кг, 70кг, 80кг, 90кг ва 100кг қувваозмоӣ намуданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматуллозода Неъматулло, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуда ба ғолибон ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравиро супориданд.
Бояд зикр кард, ки варзишгарон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Шодоба ва Ашт фаъолона иштирок намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.